Форум оид ба таъмини амнияти фаромиллӣ дар шаҳри Лянюнгани Ҷумҳурии Мардумии Чин
9 сентябри соли 2024 дар шаҳри Лянюнгани Ҷумҳурии Мардумии Чин Форум оид ба таъмини амнияти фаромиллӣ бо иштироки роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи даҳҳо кишвари ҷаҳон баргузор гардид, ки дар кори он Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро дар мавзӯи "Эҷоди ҷомеаи масъул тавассути шабакаи муштараки ҳамкорӣ, ки аз ҷониби қувваҳои гуногун сохта шудаанд", баромад ва суханронӣ намуд.
Дар ҷараёни форум ҷонибҳо масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаро дар самти мубориза бар зидди терроризм, экстремизм, сепаратизм, гардиши ғайриқонунии воситаҳои нашъадор, ҷиноятҳои трансмиллӣ, савдои одамон, ҳамчунин масъалаҳои дастгир намудани ҷинояткорони дар кофтуковбуда ва дигар хатару таҳдидҳои замони муосирро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Гул Маҳбуба