Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқоти судманд ҷиҳати тақвият бахшидани ҳамкориҳо

9 сентябри соли 2024 дар ҳошияи Форум оид ба таъмини амнияти фаромиллӣ дар шаҳри Лянюнгани Ҷумҳурии Мардумии Чин, ки рӯзҳои 9-11-уми сентябри соли ҷорӣ баргузор мегардад, вохӯрии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо муовини Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Туркия Меҳмет Сағлам доир гардид.
Зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои тақвият бахшидани ҳамкориҳоро дар ҷодаи мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ, терроризм, экстремизм,  киберҷиноятҳо, шахсони дар ҷустуҷӯ қарордошта, вусъат бахшидани мурофиаи истирдоди ҷинояткорон, омода намудани кадрҳои баландихтисос ва лағви раводид мавриди баррасӣ қарор доданд.
Ҳамзамон ба ҷониби Туркия рӯйхати ҷинояткорони дар ҷустуҷӯ қарордоштаи дар Туркия буда супорида шуд.
Дар анҷоми мулоқот ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати густариши ҳамкориҳои минбаъда баён намуданд.
Гул Маҳбуба

09.09.2024 18:49
151