Пахши пиёдагарди хурдсол дар шаҳри Хуҷанд
6-уми сентябри соли 2024, тахминан соати 18:20-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «БМВ М5 Е60», Толибзода Соҳибҷон, соли таваллудаш 1991, сокини шаҳри Хуҷанд ҳангоми аз назди даромадгоҳи манзили истиқоматиаш ба қафо гирифтани автомашинааш кӯдаки ҳамсояаш хурдсол Ҳусейнзода Сабрина Мубин, соли таваллудаш 2022, сокини шаҳри Хуҷандро пахш намудааст.
Дар натиҷа, хурдсол Ҳусейнзода С.М. дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Оид ба ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.