Фиреби шаҳрвандон бо ваъдаҳои бардурӯғ
Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Шоҳмансур аризаи марди 44-солаи сокини ноҳияи мазкур ворид гардидааст, ки соли 2017 марди 44-солаи сокини шаҳри Душанбе бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 278 ҳазору 900 доллари амрикоӣ гирифта, ваъда додааст, ки дар муддати 1-сол маблағашро бармегардонад, аммо то ҳол маблағи гирифтаашро барнагардонидааст.
Инчунин, ба ШВКД-2 дар ноҳияи Сино аризаи марди 29-солаи сокини шаҳри Бохтар ворид гардидааст, ки моҳи августи соли 2021, марди 29-солаи сокини пойтахт бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 5-адад автомашинаҳои гуногунтамға аз қабили “Тайота Кемри” арзишаш 143 ҳазор сомонӣ, “Тайота Кемри” арзишаш 80 ҳазор сомонӣ, “Тайота Каролла” арзишаш 120 ҳазор сомонӣ, “Хендай-Соната” арзишаш 60 ҳазор сомонӣ, “Мерседес-бенс” арзишаш 120 ҳазор сомонӣ ва 270 ҳазор сомонӣ пули нақдро гирифта ваъда додааст, ки дар муддати кутоҳ маблағашро бармегардонад, аммо то ҳол барнагардонидааст.
Зарари расонидашуда, 550 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Ҳамин тариқ, зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 38-солаи сокини шаҳри Бохтар бо гумони содир намудани кирдори қаллобӣ дастгир карда шуд.
Гумонбаршаванда, ба ҳайси чиптафурӯш кору фаъолият карда, моҳи июни соли 2023 бо маслиҳати пешакӣ бо дигарон худашонро корманди ширкати таъминот оид ба бурдани шахсон ба ҳаҷи фарзӣ ба Арабистони Саудӣ муаррифӣ намуда, бо роҳи фиреб ба боварии мардони 43 ва 55-солаи сокинони ноҳияи Шаҳритус даромада, аз онҳо дар 3 марҳила 160 ҳазор сомонӣ гирифта ваъда додааст, ки онҳоро ба ҳаҷи фарзӣ равон мекунад, аммо то ҳол ваъдаашро иҷро накардааст.
Нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо қисми 4 моддаи 247 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.