Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ашт бо фаъолияти ҶДММ «Рахшона» шинос шуданд

8 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Ашт ташриф оварда, дар деҳоти Ошоба бо фаъолияти Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Рахшона”, ки парвариши моҳиро дар ҳавзҳои суперинтенсивӣ ба роҳ мондааст, шинос шуданд.
Гуфта шуд, ки аз соли 2018 инҷониб дар деҳоти Ошобаи ноҳияи Ашт бо таваҷҷуҳ ба дастгириҳои Ҳукумати кишвар, хусусан пешниҳоди имтиёз ва сабукиҳо муассисони Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Рахшона” дар масоҳати зиёда аз 70 гектар заминҳои ғайрикишоварзӣ 22 ҳавзи парвариши моҳӣ ташкил намуданд. Ҳоло дар ин ҳавзҳо зиёда аз 300 ҳазор моҳӣ, ба монанди амури сафед, пешонапаҳм ва зағорамоҳӣ парвариш меёбад.
Ин тадбир аз иқдомҳои муҳим дар самти амалишавии “Барномаи давлатии рушди соҳаи моҳипарварӣ” ҳисоб ёфта, барои таъмини амнияти озуқаворӣ ва фаровонии бозори дохилӣ бо маҳсулоти худӣ мусоидат мекунад.
Хоҷагидорони ҷаъмият бо мақсади рушди соҳа ва таъмини бозори дохилӣ бо гӯшти парҳезӣ дар ин мавзеъ бори аввал парвариши моҳиро дар ҳавзҳои суперинтенсивӣ ба роҳ монданд. Бо чунин тарз ба роҳ мондани парвариши моҳӣ ба хоҷагидорон манфиати бештар меорад, зеро дар як гектар ҳавзи суперинтенсивӣ имкони парвариши зиёда аз 10 ҳазор моҳӣ мавҷуд аст. Дар ҳавзи муқаррарӣ дар ҳамин масоҳат метавон ҳамагӣ 2,5 ҳазор моҳӣ парвариш намуд.
Масоҳати умумии ҳавзҳои суперинтенсивии хоҷагии моҳипарварии “Рахшона” 10 гектар буда, айни ҳол дар ин масоҳат бештар аз 100 ҳазор моҳӣ парвариш карда мешавад ва интизор меравад, ки натиҷаи хуб ба бор орад.
Даромад аз фурӯши моҳӣ як роҳи ғанӣ гардонидани буҷаи хоҷагиҳо ва беҳтар кардани шароити иқтисодию иҷтимоии кормандони соҳа мебошад.
Дар давоми солҳои 2019-2023 коргарони хоҷагӣ 1 ҳазору 200 тонна гӯшти моҳӣ истеҳсол намудаанд. Дар соли равон бошад, бо амалӣ намудани тадбирҳои зарурӣ ҳаҷми истеҳсоли моҳӣ ба 600 тонна расонида мешавад.
Гуфтан ба маврид аст, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси Президенти кишвар “Барномаи давлатии рушди соҳаи моҳипарварӣ” қабул ва мавриди амал қарор дорад.
Зимни шиносоӣ бо фаъолияти хоҷагии моҳипарварии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Рахшона” иттилоъ дода шуд, ки оянда дар ин мавзеи хушобу ҳавои ноҳияи Ашт коргоҳи банду басти моҳӣ низ бунёд карда мешавад. Бо таъсиси коргоҳи банду басти моҳӣ чандин нафар сокини маҳаллӣ бо кор таъмин гардида, ба бозор асосан маҳсулоти тайёр пешниҳод карда мешавад.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарияти вилояти Суғд ва ноҳияи Ашт ҷиҳати боз ҳам рушд бахшидани соҳаи моҳипарварӣ, ки аз бахши сердаромади иқтисоди миллӣ ба шумор меравад, дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
Масъулони ҷаъмият иброз доштанд, ки ҳавзҳои моҳипарварӣ барои рушди сайёҳии моҳидорӣ низ бо хизматрасонии муносиб омода мебошанд.
Дар ҳудуди Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Рахшона” ба ғайр аз ҳавзҳои моҳипарварӣ зиёда аз 1000 гектар замини корам ва бештар аз 150 гектар боғи хуч, зардолу, биҳӣ, ангур ва анор мавҷуд аст.
Дар давоми солҳои 2018-2024 аз тарафи ҷаъмияти мазкур дар мавзеи Ҳафттеппаи деҳоти Ошобаи ноҳияи Ашт 160 гектар замини дар истеҳсолоти кишоварзӣ истифода нашаванда ва чорогоҳҳо азхуд карда шуда, ҳамасола аз ҳисоби кишту парвариши зироати пахта, гандум ва хӯроки чорво даромаднокии кишоварзон бештар мегардад.

08.09.2024 9:50
15