Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Гулистон 3 гидроагрегати неругоҳи Қайроққумро мавриди истифода қарор доданд

7 сентябр дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо пахши тугмаи рамзӣ 3 гидроагрегати неругоҳи Қайроққумро баъди навсозӣ мавриди истифода қарор доданд.
Кори боэътимоди неругоҳ бо гузоштани танга дар болои агрегатҳо ҷавобгӯи талабот арзёбӣ гардид.
Неругоҳ аз 6 гидроагрегат иборат буда, охирин агрегати он соли 1957 бо тавоноии лоиҳавии 21 МВт ба кор дароварда шудааст.
Дар тули 68 соли фаъолият гидроагрегат ва дигар таҷҳизоти асосии неругоҳ куҳна шуда, иқтидори истеҳсолии он 12 МВт коҳиш ёфта буд.
Шуруъ аз соли 2019 бо иқдому ташаббусҳои Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корҳои навсозӣ дар иншоот оғоз гардида, дар муддати беш аз 5 сол гидроагрегатҳои № 4, 5 ва 6-и неругоҳ пурра навсозӣ ва иқтидори ҳар яки онҳо аз 19 ба 29 МВт баланд бардошта шуд.
Дар доираи лоиҳаи навсозии неругоҳи барқи обии Қайроққум бо ҷалби шарикони рушд ва мутахассисони дохилию хориҷӣ то имрӯз як қисми таҷҳизоти толори мошинҳо, дастгоҳи идоракунии турбинаҳо, трансформаторҳои системаи ангезишӣ, дастгоҳи идоракунии зери фишор, системаи идоракунии гидроагрегат, 6 трансформатори иқтидорашон 40 МВА ва дигар дастгоҳҳои асосӣ бо дастрас намудани онҳо аз кишварҳои пешрафтаи Аврупо иваз карда шуд. Ба ҷойи дастгоҳи тақсимоти кушодаи 220/110 кВ дастгоҳи тақсимоти пӯшидаи элегазӣ насб гардид.
Ҳамзамон дар доираи лоиҳа сарбанди неругоҳ мустаҳкам карда шуда, корҳои таҷзияи таҷҳизоти куҳна дар агрегати №2 ба итмом расид ва 5 крани борбардор низ навсозӣ шуд.
Аснои шиносоӣ ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки айни замон бо ҷалби ширкатҳои ватанию хориҷӣ корҳои ҷамъоварии ҷузъҳои гидроагрегати № 3, таъмири купруки сатҳи болоии неругоҳ, қитъаи обгузар ва корҳои навсозӣ дар дигар қисмҳои толори мошинҳо идома дорад.
Дар маҷмуъ баъди татбиқи ин лоиҳаи муҳим ва пурра ба истифода додани дигар гидроагрегатҳо, ки то соли 2026 пешбинӣ шудааст, истеҳсоли миёнаи солонаи неруи барқ дар неругоҳи Қайроққум аз 580 млн. кВт/соат ба 850 млн. кВт/соат расонида шуда, сатҳи идоракунӣ ва хизматрасонӣ ба талаботи замони муосир мутобиқ хоҳад шуд.
Сарвари давлат ба масъулон супориш доданд, ки дар доираи лоиҳа корҳои боқимондаро бо сифати баланд ва дар муҳлатҳои муайяншуда ба анҷом расонанд то иншооти мазкур баъд аз анҷоми пурраи корҳои бозсозӣ солҳои зиёд ба мардум хизмат намояд.
Дар солҳои соҳибистиқлолии кишвар бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷалби сармоя ҷиҳати рушди соҳаи энергетика ба масъалаи навсозии неругоҳҳои амалкунанда таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардида, бо ин восита сатҳи таъминоти неруи барқ ба соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ давра ба давра беҳтар гардонида мешавад.

07.09.2024 13:35
17