Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Гулистон ба фаъолияти ҶДММ «Доруи Суғд» оғоз бахшиданд

7 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи саноатии шаҳри Гулистон ба фаъолияти Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Доруи Суғд” оғоз бахшиданд.
“Доруи Суғд” дуюмин корхонаи дорусозӣ дар шаҳри Гулистон маҳсуб ёфта, дар асоси дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи татбиқи ҳадафи чоруми стратегӣ-саноатикунонии босуръати кишвар ва “Солҳои рушди саноат”, бо иқдоми соҳибкори ватанӣ Абдувалӣ Ҳоҷиев сохта шудааст.
Дастгоҳу таҷҳизоти дар ду хати истеҳсолӣ насбгардида аз ширкатҳои маъруфи ҷаҳонӣ ворид карда шуда, раванди истеҳсолот ва банду басти маводи доруворӣ тибқи талабот ва стандартҳои байналмилалӣ ҷараён мегирад.
Маводи доруворӣ дар корхонаи нави саноатӣ бо истифода аз меваю сабзавот, гиёҳҳои шифобахши ватанӣ ва қисман аз ҳисоби воридоти ашёи хом истеҳсол карда мешавад.
Дар корхонаи нави саноатӣ 60 нафар мутахассиси маҳаллӣ ба кор ҷалб гардида, бо истифода аз технологияи муосири соҳавӣ 30 номгӯи маҳсулот, аз ҷумла ғилофак ва доруҳои шаклу ҳаҷми гуногун, гранулаҳо барои суспензия, шарбат, маҳлулҳо барои истифодаи беруна, малҳами табобатию ороишӣ ва дигар маводи дорувории ивазкунандаи воридот истеҳсол мекунанд. Тибқи нақша истеҳсолот дар як сол ба 60 номгӯй расонида мешавад.
Иқтидори истеҳсолии корхона дар як сол 30 миллион бастаҳои дору ва ғилофак, як миллион зарфи суспензия, 500 ҳазор зарф маҳлулҳо барои истифодаи беруна ва 1,5 миллион қуттии малҳамро ташкил менамояд.
Зимни шиносоии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо раванди истеҳсолот, аз ҷумла таъкид гардид, ки дар шароити дигаргунии босуръати иқлим талаботи инсон ба дорувории табиӣ бештар мегарадад ва дорусозони ватанӣ бояд аз имконияту зарфиятҳои фарохи табиати ғании Тоҷикистон дар ин самт васеъ истифода намоянд. Дар асоси маълумотҳои оморӣ воридоти маводи доруворӣ ба Тоҷикистон дар як сол 92 млн долларро ташкил менамояд. Аз ин лиҳоз Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулини соҳаи дахлдор дастур доданд,ки сифат ва ҳаҷми истеҳсолотро бозҳам баланд намуда, дар самти коҳиш додани воридоти доруворӣ ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ саҳми муносиб гузоранд.
Тибқи маълумот имрӯз дар Тоҷикистон зиёда аз 4500 гулу гиёҳҳои шифобахш мерӯяд, ки барои истифода дар илми тиб ва саноати дорусозӣ мувофиқ мебошанд.
Дар ширкати “Доруи Суғд” озмоишгоҳ бо дастгоҳу таҷҳизоти муосир фаъолият мекунад.
Мутахассисон тамоми ашёи хомро бо истифода аз шароиту имконоти мавҷуда бо усулҳои махсус ташхис карда, бехатарии онро таъмин мекунанд.
Соҳибкорони ватанӣ дар асоси нишондодҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти пешгирӣ аз воридоти дорувории пастсифату қалбакӣ ва коҳиш додани нархи маводи доруворӣ тадбирҳои судманд андешида, бо бунёди корхонаҳои нави саноатӣ ва ба роҳ мондани истеҳсолот аз гулу гиёҳҳои ватанӣ дар ҳифзи солимии ҷомеа нақши муассир мегузоранд.
Бо бунёди Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Доруи Суғд”, ки ба амалишавии Барномаи давлатии рушди саноати дорусозӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025” мусоидат мекунад, шумораи корхонаҳои дорусозӣ ва молҳои тиббӣ дар вилояти Суғд ба шаш адад расид.
Тибқи маълумот корхонаҳои дорусозии вилояти Суғд соли 2023 ҳаҷми истеҳсоли маводи доруворӣ ва молҳои тиббиро ба беш аз 486 ҳазор сомонӣ ва дар шаш моҳи аввали соли равон наздик ба 200 ҳазор сомонӣ баробар намудаанд.

07.09.2024 13:30
16