Тараннуми Истиқлолияти давлатӣ дар РВКД дар вилояти Суғд
Дар Раёсати ВКД вилояти Суғд бахшида ба 33-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши идона баргузор гардид. Роҳбарият ва ҳайати шахсии шуъбаву хадамотҳои дастгоҳи марказии Раёсат, кормандони барои ҳавасмандӣ ба муносибати ҷашни миллӣ аз Шуъбаҳои ВКД дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд даъват гардида ва собиқадорони соҳа дар чорабинии идона иштирок доштанд. Ҷамъомади ҷашнӣ бо сароидани Суруди миллӣ, ки нишон аз ваҳдату ягонагӣ, соҳибистиқлолӣ, ҳувият ва ифтихори давлатдорӣ аст, оғоз гардид.
Сардори Раёсати мазкур генерал-майори милитсия Маҳмадсафар Пирзода ҳайати шахсии милитсияи Суғдро аз номи Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо ҷашни фархундаи барои халқи тоҷик муътабар табрик намуд. Дар маърузаи табрикотӣ қайд гард, ки дар низоми давлатдорӣ Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари рӯйдоди таърихиву сарнавиштсоз будан, аз он ҷиҳат қобили таваҷҷуҳ ва ифтихори шаҳрвандон бояд бошад, ки ба ҳар як сокини мамлакат озодӣ ва ҳаёти осоиштаро таъмин намуда омили асосии бедории миллат, пешрафту тараққии мамлакат ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ дар ҷаҳон аст. Аз баракати Истиқлоли давлатӣ ҷаҳониён Тоҷикситонро шинохтанд ва давлати мо ба дастовардҳои бузурги сиёсиву иқтисодӣ, маънавию фарҳангӣ ва иҷтимоӣ ноил гашта дар ҷаҳон ҳамчун мамлакати рӯ ба тараққӣ муаррифӣ гардид.
Сиёсати давлатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳифзи Истиқлолияти давлатӣ ин неъмати бебаҳои барои миллат тақдирсоз беназир аст.
Дар идома дар фазои тантанавӣ ба як зумра кормандони соҳа ба муносибати Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон медалу орден, Сипосномаву Ифтихорнома супорида шуд.
Ингуна чорабиниҳои тантанавӣ дар ҳамаи Шуъбаҳои ВКД дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд баргузор карда хоҳад шуд. Зеро тараннуми Истиқлолияти давлатӣ нишон аз ободии Ватан, ваҳдати миллӣ, зиндагии осоишта ва фараҳу шодмонӣ дар Тоҷикистон аст.
Акбар Шарифӣ, подполковники милитсия