Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Намоиш-фурӯши маҳсулот бахшида ба ҷашни Истиқлол

Бо ташаббуси роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ, дар арафаи таҷлили ҳама гуна иду ҷашнвораҳо баҳри ғанӣ гардонидани хони идонаи кормандону шаҳрвандон дар шафати бинои Вазорат пайваста намоиш-фурӯши маҳсулот доир карда мешавад.
Ин навбат низ ба муносибати 33-юмин солгарди Истиқлолияти давлатӣ намоиш-фурӯши маҳсулоти ниёзи мардум аз хоҷагиҳои ёрирасону деҳқонон ва корхонаҳои истеҳсолии маводи хӯрока барои ҳайати шахсии мақомоти корҳои дохилӣ ташкил карда шуд.
Дар он хоҷагиҳои ёрирасони вилоятҳои Хатлону Суғд, шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ, минтақа ва ноҳияи Рашт маҳсулоти тару тоза, аз қабили гушт, тухм, равған, сабзавот, мевагиҳои гуногун ва дигар намуди хӯроквориро бо нархи 50% арзон нисбат ба бозорҳои кишвар пешкаши харидорон намуданд.
Дар намоиш-фурӯши мазкур як килограмм гӯшт 50 сомонӣ, 1 килограмм биринҷ 8 сомонӣ, картошкаю пиёз, сабзӣ, карам, занҷабили булғорӣ, помидору бодиринг бо нархи аз 2 то 3 сомонӣ, тарбузу харбуза то 10 сомонӣ, 1 қуттӣ тухм 15 сомонӣ арзиш доштанд.
Бояд қайд кард, ки роҳбарияти  ВКД чунин намоиш-фурӯши маҳсулотро бо мақсади дастгирии иҷтимоии ҳайати шахсии мақомоти корҳои дохилӣ доир намуданд.
Ҳайати шахсии мақомоти корҳои дохилӣ ва аҳли оилаи онҳо ба роҳбарияти ВКД барои дастгириҳои ҳамешагиашон изҳори миннатдорӣ намуданд.
Р. Илёсзода

06.09.2024 19:52
158