Дастгир гардидани марди 36-сола барои авбошӣ
Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 36-солаи сокини шаҳри Душанбе бо гумони содир намудани ҷинояти авбошӣ дастгир кард шуд.
Гумонбаршаванда, 1-уми январи соли 2024, тахминан соати 15:30-дақиқа, ҳангоми дар кӯчаи С.Айнии пойтахт қарор доштанаш беягон асос аз ҳиссиёти авбошӣ бо марди 49-солаи сокини шаҳри Душанбе баҳсу муноқиша намуда, якдигарро зери лату кӯб қарор додаанд.
Сипас, марди 36-сола ба манзили истиқоматиаш даромада аз он ҷо 1-адад корди ошхонагиро гирифта баромада, 2 маротиба ба қисмати дасти чап ва қисмати чапи қафаси синаи марди 49-сола зарба задааст.
Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта дар беморхона бистарӣ гардидааст.
Аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.