Муайян гардидани кирдорҳои қаллобӣ
Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Шоҳмансур аризаи зани 43-солаи сокини ноҳияи мазкур ворид гардидааст, ки соли 2022 марди 38-солаи сокини пойтахт бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 480 ҳазор сомонӣ гирифта, дар бинои навсохтмон 294,1 метри мураббаъро шаҳодатномаи қалбакӣ дар бораи қонунигардонии молу мулк аз 12-уми июни соли 2022, ки гӯё онро комиссияи қонунигардонии молу мулки ноҳияи Шоҳмансур дода бошад, тайёр карда додааст.
Инчунин, зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 31-солаи сокини ноҳияи Восеъ бо гумони содир намудани кирдори қаллобӣ дастгир карда шуд.
Гумонбаршаванда, аз моҳи феврали соли 2024 то инҷониб бо роҳи фиреб ба боварии марди 31-солаи сокини шаҳри Душанбе, менеҷери савдо ва намояндаи ҶДДМ “Исмоил Фарм” дар шаҳри Душанбе даромада, бо баҳонаи рушду равнақ додани фаъолияти соҳибкориаш дорувории гуногунро ба маблағи 352 ҳазору 600 сомонӣ тариқи насия қабул намуда, онро дар дорухонаи худ филиали №4-и ширкати ҶДДМ “Исмоил фарм” дар шаҳри Панҷакент ба фурӯш бароварда, то ҳол мабалғашро барнагардонидааст.
Ҳамин тариқ, гумонбаршаванда, аз моҳи январи соли 2024 то инҷониб бо роҳи фиреб ба боварии марди 49-солаи сокини шаҳри Хучанд, сардори намояндагии ҶДДМ “Исмоил фарм” дар вилояти Суғд даромада, бо баҳонаи рушду равнақ додани фаъолияти соҳибкориаш дорувории гуногунро ба маблағи 736 ҳазор сомонӣ тариқи насия қабул намуда, онро дар дорухонаи худ филиали №4-и ширкати ҶДДМ “Исмоил фарм” дар шаҳри Панҷакент ба фурӯш бароварда, то ҳол маблағашро барнагардонидааст.
Аз рӯи ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.