Боздошти ноболиғи 15-сола барои авбошӣ
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ноболиғи 15-солаи сокини шаҳри Душанбе бо гумони қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ дастгир карда шуд.
Гумонбаршаванда, 31-уми августи соли 2024, тахминан соати 09:30-дақиқа, дар кӯчаи А.Ҷомии шаҳри Душанбе аз ҳиссиёти авбошӣ бо марди 47-солаи сокини пойтахт бе ягон асос ҷангу ҷанҷол намуда, ӯро лату кӯб намудааст.
Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.
Аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.