Тамошои сарҷамъонаи суханронии Пешвои миллат бахшида ба Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ
1 сентябри соли 2024 ҳайати шахсии Вазорати корҳои дохилӣ дар толори вазорати мазкур суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бахшида ба Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ, ки дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №19-и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе бо пахши мустақим тариқи шабакаҳои телевизионӣ намоиш дода шуд, сарҷамъона тамошо намуданд.