Дастгир гардидани ду нафар барои азонихудкунии маблағи корхона
Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавони 22-солаи сокини шаҳри Душанбе бо гумони азонихудкунӣ ё исрофкорӣ дастгир карда шуд.
Гумонбаршаванда ҳангоми дар ҶДММ “Фабрикаи Қаннодии Амирӣ” ба ҳайси тақсимотчии маҳсулоти корхона кору фаъолият намуданаш 108 ҳазору 567 сомониро азонихуд карда, ба хазинаи ҷамъият пардохт накарда, ба манфиати шахсиаш сарф намудааст.
Инчунин, ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 39-солаи сокини шаҳри Конибодом бо гумони азонихудкунӣ ё исрофкорӣ дастгир карда шуд.
Гумонбаршаванда аз моҳи сентябри соли 2023 то моҳи феврали соли 2024, ҳамчун таъминотчии хазинадори ҶДММ “Сеганҷ” фаъолият намуда, ба ӯ дар давоми фаъолияташ аз ҶДММ-и мазкур дар асоси 394-адад борхатҳо барои фурӯши маводи сӯзишвории бензин, дизел ва гази моеъ, ҷамъ ба маблағи 128 миллиону 140 ҳазору 854 сомонӣ маводи сӯзишворӣ дода шудааст. Аз ин маблағ 107 миллиону 408 ҳазору 383 сомониашро ба хазинаи ҷамъият пардохт намуда, боқимонда 20 миллиону 732 ҳазору 471 сомониашро азонихуд намуда, ба манфиати шахсиаш сарф намудааст.
Нисбати гумонбаршаванда, парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 245 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.