Мусобиқаи «Волейбол» байни кормандони ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ
Аз 19 то 28-уми августи соли равон бахшида ба таҷлили 33-юмин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷмааи варзишии Шӯрои ҷумҳуриявии "Динамо"-и Вазорати корҳои дохилӣ мусобиқаи варзишӣ аз намуди "Волейбол" байни кормандони ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ баргузор гардид.
Дар ин мусобиқа 16 даста байни ҳам қувваозмоӣ намуда, аз инҳо 4 даста ба бозии финалӣ роҳ ёфт, аз он ҷумла:
- дастаи СХДО ВКД,
- дастаи РҚД ВКД,
- дастаи Академияи ВКД,
- дастаи ШВКД дар шаҳри Ваҳдат.
Дар бозиҳои финалӣ қувваозмоӣ байни дастаҳои РҚД ВКД ва Академияи ВКД барои ноил гардидан ба ҷойи аввал ва дастаҳои СХДО ва дастаи ШВКД дар шаҳри Ваҳдат барои ҷойҳои сеюм қувваозмоӣ намуданд.
Дар натиҷа, ҷойи аввал насиби дастаи РҚД ВКД, ҷойи дуюм насиби дастаи Академияи ВКД ва ҷоий сеюм насиби дастаи СХДО ВКД гардид.
Ғолибон ва ҷоизадорон аз ҷониби роҳбарияти Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷом, медал, Ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравии Шӯрои ҷумҳуриявии "Динамо" сарфароз гардонида шуданд.