Рух додани садамаи нақлиётии марговар дар ноҳияи Нуробод
28-уми августи соли 2024, тахминан соати 18:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, Ҳаётов Раҳмониддин, соли таваллудаш 1988, сокини ноҳияи Нуробод, дар киллометри 35-уми роҳи деҳаи Чепаки ҷамоати деҳоти Муҷихарфи ноҳияи Нуробод аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба пойдевори бетонии симчӯби барқии канор роҳ бархӯрдааст.
Дар натиҷа, мусофири дохили автомашина Ҳомидов Алиҷон Мирзомаҳмудович, соли таваллудаш 1995, сокини ноҳияи мазкур ҷароҳатҳои вазнин ҷисмонӣ бардошта, ҳангоми ба беморхона дастрас намудан, дар роҳ ба ҳалокат расидааст.
Худи ронанда ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.
Оид ба ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.