Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ёдбуди генерал-майори хизмати дохилӣ Дадаҷонов Ислом Ҳусейнович

29 августи соли 2024 дар маҷлисгоҳи Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро ёдбуди шодравон  генерал-майори хизмати дохилӣ Дадаҷонов Ислом Ҳусейнович доир гардид.
Дар чорабинии мазкур Раиси Созмони собиқадорони ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-майори мустаъфӣ Ҷурахонзода Саид Қаюм, собиқадорони хадамоти оташнишонӣ, сардори Сарраёсати мазкур, раёсатҳо, кормандон ва курсантони Коллеҷи оташнишонӣ иштирок намуданд.
Дадаҷонов Ислом Ҳусейнович 1-уми сентябри соли 1947 дар шаҳри Косансойи вилояти Намангони Ҷумҳурии Узбекистон таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, соли 1954 ба мактаби миёна рафта, соли 1965 онро хатм кардааст. 
Соли 1966 бо роҳхати Вазорати корҳои дохилии ҶШС Тоҷикистон ба техникуми сӯхторхомӯшкунии шаҳри Свердловски ВКД ИҶШС дохил шуда, соли 1969 техникуми мазкур ва соли 1981 Донишгоҳи техникии Тоҷикистонро хатм намудааст.
Дадаҷонов Ислом Ҳусейнович дар мақомоти корҳои дохилӣ аз 17 сентябри соли 1966 то 1 марти соли 2000-ум фаъолият кардааст.
Мавсуф соли 2000-ум аз мақомоти корҳои дохилӣ ба нафақа баромада,  24 феврали соли 2007 вафот намудааст.
Шодравон фаъолияти худро ҳамчун нозири шуъбаи назорати давлатии бехатарӣ аз сӯхтор сар карда, вазифаҳои пурмасъулиятро дар фаъолияти кориаш дар мақомоти корҳои дохилӣ ба зимма доштааст.
Аз ҷумла, дар вазифаи сардори қисми мустақили 3-юми  оташнишонӣ оид ба муҳофизати ноҳияи Октябри шаҳри Душанбе, сардори Раёсати муҳофизат аз сӯхтори ВКД ҶШС Тоҷикистон, сардори Раёсати хадамоти Муҳофизаи ВКД ҶШС Тоҷикистон, сардори Сарраёсати муҳофизат аз сӯхтор ва хадамоти фаврӣ-наҷотдиҳии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст.
Маҳз бо ташаббуси бевоситаи Дадаҷонов Ислом дар мақомоти корҳои дохилӣ соли 1992 Сарраёсати муҳофизат аз сӯхтор ва хадамоти фаврӣ-наҷотдиҳии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шудааст.
Шодравон Дадаҷонов Ислом Ҳусейнович дорои хислатҳои неку маҳорати баланди касбӣ ва қобилияти хуби ташкилотчигӣ буда, нисбати зердастон ғамхор ва серталаб буд, ки маҳз ҳамин ҷиҳати фаъолияти пурсамарашро ба назар гирифта, бо Қарори Президиуми Шӯроии Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №1306 аз 5 августи соли 1994 бо рутбаи махсуси олии «генерал-майори хизмати дохилӣ» сарфароз гардонида шуд.
Дар чорабинии мазкур баромадкунандагон корҳои неку шоёни мавсуфро ба ёд оварда, қайд намуданд, ки корнамоию шуҷоати номбурда дар таърихи хадамоти оташнишонӣ ҷовидона сабт ёфтааст.
Ҳарчанд имрӯз дар қайди ҳаёт нест, вале  фарзандонаш полковникҳои хизмати дохилӣ Исломзода Обид ва Дадаҷонзода Муқаддас ба пайраҳаи падар қадам ниҳода дар ин ҷодаи пуршараф, кору номи неки ӯро идома дода истодаанд.
СХДО ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон

29.08.2024 16:26
97