Дар Суғд ғолибони мусобиқаи варзишӣ муайян ва қадршиносӣ шуданд
Бо мақсади дар амал тадбиқ намудани дастуру супоришҳои Раиси шаҳри Душанбе, Президенти Федератсияи футболи миллӣ муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҷиҳати рушду оммавияти футбол дар ҷомеа, ҷалби кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ба варзиш, мустаҳкам намудани алоқаи дӯстӣ байни онҳо, бахшида ба 33-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси роҳбарияти Раёсати ВКД дар вилояти Суғд мусобиқаи футбол байни кормандони шуъбаву хадамот ва ҷузъу томҳои МКД дар вилояти Суғд роҳандозӣ карда шуд.
Дар мусобиқаи мазкур барои дарёфти Ҷоми сардори Раёсати ВКД дар вилояти Суғд, ки як моҳ дар варзишгоҳи Спартаки шаҳри Хуҷанд ҷараён гирифт, 17 даста аз тамоми ҷузъу том ва шуъбаву хадамотҳои мақомоти корҳои дохилии вилоят иштирок намуда байни ҳам сабқат карданд.
Ҳамарӯза баъди соати корӣ ду бозӣ гузаронида шуда дастаҳо байни ҳам нерусанҷӣ карданд.
Ҳамин тавр дастаҳои Раёсати ВКД дар вилояти Суғд, Шуъбаи 2 ВКД дар ноҳияи Б. Ғафуров, Қисми низомии 3501 Раёсати қӯшунҳои дохилии ВКД дар шаҳри Хуҷанд ва Шуъбаи 1 ВКД дар шаҳри Исфара нисбат ба ҳарифони худ бартарӣ нишон дода, ба давраи ниманиҳоӣ роҳ ёфтанд.
Рафти мусобиқа нишон дод, ки дастаҳои мазкур ба ғайр аз иҷрои уҳдадории хизматӣ, ҳамзамон дар риштаи варзиши намуди футбол низ маҳорати хуб доранд.
Дар натиҷа футболбозони дастаҳои Шуъбаи 2 ВКД дар ноҳияи Б.Ғафуров ва Шуъбаи 1 ВКД дар шаҳри Исфара бо гирифтани мақоми сеюм мушарраф шуданд.
Рӯзи 27 июл дар дидори ниҳоӣ дастаи футболбозони Раёсати ВКД дар вилояти Суғд ва Қисми низомии №3501-и Раёсати қӯшунҳои дохилии ВКД дар шаҳри Хуҷанд рӯйи майдони сабқат омаданд. Дар ин дидор, ки ҷолибу шадид ҷараён гирифт футболбозони дастаи Раёсати ВКД дар вилояти Суғд дастаи Қисми низомии №3501-и Раёсати қӯшунҳои дохилиро бо ҳисоби 4:1 шикаст дода, ба гирифтани мақоми аввал ва Ҷоми мусобиқа сазовор гаштанд.
Дар маросими пӯшидашавии ин чорабинии варзишӣ раиси Федератсияи футболи вилоят - раиси вилояти Суғд, Раҷаббой Аҳмадзода ва сардори Раёсати ВКД дар вилояти Суғд полковники милитсия Маҳмадсафар Пирзода иштирок намуда, аз таваҷҷӯҳу дастгириҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон махсусан Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикситон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе, Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҷиҳати рушду оммавияти варзиш, хоса намуди футбол ёдовар шуда, ғолибону ҷоизадорони мусобиқаро табрику муборакбод намуданд.
Қайд карда шуд, ки баргузории чунин чорабиниҳои варзишӣ байни кормандони мақомоти милитсия имконият фароҳам меоварад, ки онҳо доимо ба варзиш машғул бошанд ва саломатиашон ҳамеша хуб бошад. Зеро варзиш яке аз ҷузъҳои ҷудонашавандаи фаъолияти сохторҳои қудратӣ ба ҳисоб меравад.
Раиси вилояти Суғд таъкид намуд, ки саҳми кормандони милитсия дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва пешгирию ошкорсозии ҷиноятҳо назаррас буда, тинҷию осудагӣ ва оромии ҷомеа самараи фаъолияти онҳост.
Зикр гардид, ки имрӯз барои машғул шудан ба варзиш дар тамоми сохторҳои қудратӣ, аз ҷумла мақомоти корҳои дохилӣ тамоми шароитҳои зарурӣ фароҳам оварда шудааст.
Дар идомаи маросими ҷамъбастии мусобиқаи варзишӣ дар вазъияти тантанавӣ аз тарафи Раиси вилояти Суғд ва сардори Раёсати ВКД дар вилояти мазкур ба ғолибон медалу Ифтихорнома ва Ҷоми мусобиқа супорида шуд. Ҳамчунин маҳорати варзишии аъзоёни дастаҳо дар алоҳидагӣ қадршиносӣ шуда ба дарвозабон, ҳимоятгар, нимҳимоятгар, ҳамлагар ва футболбози беҳтарин Ифтихорномаи сардори Раёсат ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардид.
Акбар Шарифӣ, подполковники милитсия



























