Рашт: Вусъат бахшидани ҳамкориҳо бо Шӯроҳои ҷамъиятӣ
27 августи соли ҷорӣ дар доираи Барномаи ислоҳоти милитсия барои солҳои 2021-2025 ва Нақша-чорабиниҳои муштарак байни Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Дафтари барномавии САҲА дар ш.Душанбе дар ноҳияи ва минтақаи Рашт бо Шӯроҳои ҷамъиятии ноҳия вохӯрии судманд ташкил ва баргузор карда шуд.
Дар вохӯрӣ Ҳамоҳангсози миллӣ оид ба ислоҳоти милитсия генерал-майори милитсия Азизулозода Сафиало Азизуло, сардори РВКД дар минтақа ва ноҳияи Рашт генерал-майори милитсия Фатозода Абдусатор Абдуфатоҳ, намояндаи Дафтари барномавии САҲА дар ш.Душанбе Маҳмадиев Ҳайдар Холович, муовини сардори РВКД дар ноҳия ва минтақаи Рашт полковники милитсия Раҷабзода Рустам, муовинони сардорони ШВКД оид ба самти хизмат дар РВКД дар ноҳия ва минтақаи Рашт иштирок намуданд.
Нахуст, Ҳамоҳангсози миллӣ оид ба ислоҳоти милитсия генерал-майори милитсия Азизулозода Сафиало Азизуло ба ташкилкунандагони чорабинӣ изҳори сипос намуда, ҳозиринро бо Низомномаи нави Шӯроҳои ҷамъиятӣ, ки 13 феврали соли 2024, аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шудааст, шинос намуд.
Вохӯрии мазкур ба таври озод сурат гирифта, ҳозирин фикру андешаҳои худро оид ба самаранок иҷро намудани талаботи Низомномаи мазкур баён намуданд.
Дар анҷоми вохӯрӣ ба масъули РВКД дар минтақа ва ноҳияи Рашт ва раисони Шӯроҳои ҷамъиятии ноҳия оид ба интихоби ҳайати нави Шӯроҳои ҷамъиятӣ ва ҷоннок намудани ҳамкории милитсия бо ҷомеа тавсияҳои судманд дода шуд.
Фаррух Самадзода