Дастгир гардидани марди 29-сола бо ҷурми қаллобӣ
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 29-солаи сокини ҷамоати деҳоти Пошкенти ноҳияи Зафаробод ҳамчун гумонбар дар содир намудани кирдори қаллобӣ дастгир карда шуд.
Гумонбаршаванда, 16-уми августи соли 2024 дар ҳудуди молбозори ҷамоати шаҳраки Меҳнатободи ноҳияи Зафаробод, бо роҳи фиреб ба боварии марди 46-солаи сокини ноҳияи мазкур даромада, аз ӯ 1 сар чорвои калони шохдорро, ки арзишаш 16 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, ҳамчун насия гирифта, маблағашро то ҳол барнагардонидааст.
Оид ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ бо қисми 3 моддаи 247 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардида, тафтишот идома дорад.