Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Куштори собиқ ҳамсар аз ҳиссиёти рашк 

Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 28-солаи сокини шаҳри Ҳисор бо гумони содир намудани ҷинояти одамкушӣ дастгир карда шуд. 
Гумонбаршаванда, 26-уми августи соли 2024, тахминан соати 00:30-дақиқа, ҳангоми дар кӯчаи Наврӯзи шаҳри Душанбе қарор доштанаш, аз ҳиссиёти рашку хусумати оилавӣ бо собиқ ҳамсараш зани 37-солаи сокини пойтахт ҷангу ҷанҷол намуда, бе ягон асос  ӯро лату кӯб карда, бо корд якчанд маротиба ба узвҳои ҳаётан муҳимаш задааст.
Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар  ҷойи ҳодиса ба ҳалокат  расидааст.
Аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.

27.08.2024 16:24
104