Нуробод: Тақвияти ҳамкории милитсия бо ҷомеа
26-уми августи соли 2024 дар доираи Барномаи ислоҳоти милитсия барои солҳои 2021-2025 ва Нақша-чорабиниҳои муштарак байни Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Дафтари барномавии САҲА дар ш.Душанбе дар ноҳияи Нуробод бо кормандони ШВКД дар ноҳияи мазкур ва шуроҳои ҷамъиятии назди ШВКД дар ҳамин ноҳия дар самти тақвият бахшидани ҳамкории милитсия бо ҷомеа вохӯрии судманд ташкил ва баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ Ҳамоҳангсози миллӣ оид ба ислоҳоти милитсия генерал-майори милитсия Азизулозода Сафиало Азизуло, муовини раиси ноҳияи Нуробод Наврӯз Бухоризода, намояндаи Дафтари барномавии САҲА дар ш.Душанбе Маҳмадиев Ҳайдар Холович, муовини сардори РВКД дар ноҳия ва минтақаи Рашт полковники милитсия Раҷабзода Рустам, сардори ШВКД дар ноҳияи Нуробод полковники милитсия Саидзода Комилҷон, раисони ҷамоату маҳаллаҳо ва дигар шахсони масъул иштирок намуданд.
Муовини раиси ноҳия Наврӯз Бухоризода ҳозиринро ба ноҳияи Нуробод хайрамақдам гуфта, оид ба вусъат бахшидани ҳамкории милитсия бо ҷомеа суханронӣ намуд. Бо итминон изҳори гардид, ки ҳамкории судманди мақомоти корҳои дохилӣ бо ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ баҳри пешгирии ҷинояту ҷинояткорӣ мусоидат хоҳад кард.
Сипас, дар вохӯрӣ Ҳамоҳангсози миллӣ оид ба ислоҳоти милитсия генерал-майори милитсия Азизулозода Сафиало Азизуло баромад намуда, ҳозиринро бо Низомномаи нави Шуроҳои ҷамъиятии назди мақомоти корҳои дохилӣ шинос намуд.
Қайд гардид, ки бо мақсади баланд бардоштани мавқеи Шуроҳои ҷамъиятӣ ва мустаҳкам намудани робитаи мутақобилаи милитсия бо ҷомеаи шаҳрвандӣ 13-уми феврали соли 2024 бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Низомномаи шуроҳои ҷамъиятӣ тасдиқ карда шудааст.
Бо мақсади дар амал татбиқ гардидани Низомномаи мазкур бо фармоиши Вазорати корҳои дохилӣ ҳамаи сардорони ҷузъу томҳо вазифадор карда шуданд, ки барои таъмини иҷрои Низомномаи мазкур чораҷӯӣ намуда, ҳамкориҳоро бо Шуроҳои ҷамъиятӣ дуруст ба роҳ монанд. Ҳамчунин иброз гардид, ки Шуроҳои ҷамъиятӣ маҳаки асосии раванди ислоҳоти милитсия ба ҳисоб мераванд, бинобар ин кормандони милитсияро зарур аст, ки фаъолиятро бо Шуроҳои ҷамъиятӣ мустаҳкам намоянд. Таъкид гардид, ки бо назардошти қабул гардидани Низомномаи мазкур вазорат тасмим гирифтааст, ки оғоз аз моҳи сентябри соли ҷорӣ ҳайати нави Шуроҳои ҷамъиятиро интихоб намояд. Аз ин хотир, масъулини шуъбаро зарур аст, ки дар самти интихоби номзадҳои нав корбариро дуруст ба роҳ монанд.
Дар идомаи вохӯрӣ оид ба ҳолатҳои пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ ва ҳурофотпарастиву бегонапарастӣ ибрози андеша карда шуд.
Аз ҳамагон даъват ба амал оварда шуд, ки дар пешгирӣ намудани ин зуҳуроти номатлуби ҷомеа ташаббус нишон диҳанд.
Фаррух Самадзода