Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Тамаъҷӯӣ бо баҳонаи ошкор накардани муносибатҳои ошиқона

Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 34-солаи сокини ноҳияи Ҷ.Расулов бо гумони тамаъҷӯӣ дастгир карда шуд. 
Гумонбаршаванда дар бораи он, ки ҳамсараш зани 31-сола бо марди 31-солаи сокини ноҳияи Ҷ.Расулов муносибати ошиқона дорад, маълумот пайдо карда, бо маслиҳати пешакӣ аз ҳамсараш хоҳиш кардааст, ки ҷабрдидаро ба манзили муваққатан истиқоматиаш даъват намояд. 
Ҷабрдида бо даъвати ҳамсараш 1-уми майи соли 2024, тахминан соати 18:00 ба наздаш омадааст. 
Дар ин вақт гумонбаршаванда дар манзили истиқоматиаш ҷабрдидаро дида, ҳолати бо ҳамсараш муносибати ошиқона доштани ӯро пеш оварда, нисбати ҷабрдида таҳдид намуда, барои муносибати ошиқонаи онҳоро ба хешу таборонаш  фош накардан аз ӯ 20 ҳазор сомонӣ талаб карда гирифтааст. 
Ҳамин тавр гумонбаршаванда бо ҳамсараш бо роҳи таҳдид ва ошкор нашудани муносибатҳои ошиқона, аз ҷабрдида 29-уми июли соли 2024, 30 ҳазор сомонӣ гирифта, баъдан боз 60 ҳазор сомонӣ талаб кардаанд.
Ҷабрдида маҷбур шуда, бо аризаи худ ба ШВКД дар ноҳияи Ҷ.Расулов муроҷиат намуда, дар вақти гирифтани 60 ҳазор сомонӣ гумонбаршаванда ва ҳамсараш дастгир карда шуданд. 
Дар умум гумонбаршавандагон бо роҳи тамаъҷӯӣ аз ҷабрдида 110 ҳазор сомонӣ гирифтаанд. 
Нисбати  гумонбаршавандагон парвандаи ҷиноятӣ бо қисми 4  моддаи 250 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

23.08.2024 9:30
61