Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бо роҳи фиреб содир намудани қаллобӣ  

Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки марди 32-солаи сокини шаҳри Душанбе аз моҳи марти соли 2024 ба боварии марди 37-солаи сокини пойтахт даромада бо роҳи фиреб аз номбурда автомашинаи тамғаи “Фолксваген” ва автомашинаи тамғаи "Лексус-РХ 350"-ро, ки арзиши умумиашон 460 ҳазору 200 сомониро ташкил медиҳад, гирифта, ваъда додааст, ки маблағи онҳоро дар муддати 2-моҳ бармегардонад. Аммо автомашинаҳоро фурӯхта маблағҳоро ба манфиати шахсиаш сарф намуда, то ҳол онҳоро барнагардонидааст.
Нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо қисми 4 моддаи 247 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад. 
Инчунин, ҳангоми гузаронидани гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки марди 44-солаи сокини шаҳри Истаравшан аввалҳои моҳи августи соли 2020 ба боварии марди 48-солаи сокини ноҳияи Б.Ғафуров даромада, барои ривоҷ додани фаъолияти соҳибкориаш аз ҷабрдида 130 ҳазор сомонӣ гирифта, 49 ҳазору 650 сомониашро баргардонида, боқимонда 96 ҳазору 350 сомониашро то ҳол барнагардонидааст. 
Нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо қисми 3 моддаи 247 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад. 

22.08.2024 9:01
43