Ифшо шудани якчанд ҳодисаи дуздии молу амволи шаҳрвандон
Ба ШВКД дар ноҳияи Шаҳринав аризаи марди 27-солаи сокини ноҳияи мазкур ворид гардидааст, ки 17-уми августи соли 2024 шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ ба Бунгоҳи тиббӣ, воқеъ дар суроғаи ҷамоати деҳоти Чусти ноҳияи Шаҳринав даромада, аз он ҷо 10 ҳазор сомониашро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки ин ҷиноятро ҷавони 20 ва ноболиғони 16, 17, 15-солаи сокинони ҳамин ноҳия содир намудаанд.
Инчунин, гумонбаршавандагон моҳи июни соли 2024 бо роҳи пинҳонӣ ба хонаи истиқоматии марди 41-солаи сокини ноҳияи Шаҳринав даромада, аз он ҷо 3 сар чорвои майдаи шохдорро, ки арзишашон 3 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Ҳамзамон, ба ШВКД дар ноҳияи Ҳамадонӣ аризаи зани 43-солаи сокини ноҳияи мазкур ворид гардидааст, ки 18-уми августи соли 2024 шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ ба хонаи истиқоматиаш даромада, аз он ҷо 34 ҳазор сомониро дуздида, аз ҷои ҳодиса ғайб задаанд.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайан карда шуд, ки ин ҷиноятро марди 33-сола ва зани 44-солаи сокинони ҳамин ноҳия содир намудаанд.
Ҳамин тариқ, зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки ноболиғи 17-солаи сокини шаҳри Истаравшан, 15-уми августи соли 2024, тахминан соати 13:30-дақиқа, ҳангоми дар деҳаи Яккабоғ қарор доштанаш ба ҳавлии бобояш марди 64-солаи сокини шаҳри мазкур ворид гашта, аз фурсати мусоид ва набудани бобояш истифода бурда, аз он ҷо 13 ҳазор сомониро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо қисми 2 моддаи 244 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.