Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатии ҳамдеҳа

19-уми августи 2024, тахминан соати 21:10-дақиқа, марди 29-солаи сокини ноҳияи Фархор аз рӯи хусумат ба мағозаи фурӯши ашёҳои рӯзгор даромада, 1-адад корди хоҷагидориро харидорӣ намуда, дар маркази деҳаи Гулшани ноҳияи Фархор бо марди 29-солаи сокини ҳамин ноҳия дар дохили автомашинаи тамғаи «Мерседес-Бенс» нишаста, бо ӯ ҷангу ҷанҷол карда, бо корд 5 маротиба ба узвҳои баданаш задааст. 
Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст. 
Нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо қисми 2 моддаи 110 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад. 

21.08.2024 10:00
47