Рух додани ду ҳодисаи нақлиётии фоҷиабор
17-уми августи соли 2024, тахминан соати 16:40-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел Зафира», Ғоибов Ҳоҷиумар Холбоевич, соли таваллудаш 1995, сокини ноҳияи Деваштич, ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи “Душанбе¬-Хуҷанд-Чанок”, аз самти шаҳри Хуҷанд ба шаҳри Истаравшан дар километри 257-ум ба автомашинаи тамғаи “Мерседес-Спринтер”, таҳти идораи Боймуродов Хуршед Содиқович, соли таваллудаш 1985, сокини шаҳри Панҷакент, ки аз самти шаҳри Истаравшан ба самти шаҳри Хуҷанд ҳаракат мекард, бархӯрдааст.
Дар натиҷа, мусофирони автомашинаи “Опел-Зафира”, Саъдуллоев Зикрулло, соли таваллудаш 1971, Исмоилова Матлуба Бобоевна, соли таваллудаш 1971 ва ноболиғ Исмоилов Субҳиддин Сироҷиддинович, соли таваллудаш 2013, сокинони ноҳияи Деваштич дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.
Ронандагони автомашинаҳо Ғоибов Ҳ.Х., Боймуродов Х., инчунин мусофири автомашинаи “Мерседес-Спринтер”, Саидмуродов Акмал Саидқулович, соли таваллудаш 1982 ва Муҳаммадов Шаҳобиддин Умарович, соли таваллудаш 1992, сокинони шаҳри Панҷакент бо бардоштани ҷароҳати ҷисмонӣ дар беморхона бистарӣ карда шудаанд.
18-уми августи соли 2024, тахминан соати 10:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи боркаши тамғаи “ХИНО”, Рабиев Карим Талабшоевич, соли таваллудаш 1991, сокини ноҳияи Вахш, ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Душанбе ба шаҳри Бохтар дар ҳудуди ҷамоати шаҳраки Обикиики ноҳияи Хуросон аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, таҳти идораи Худойназаров Дилшод Алишерович, соли таваллудаш 2003, сокини шаҳри Душанбе бархӯрда, ҳаракатро давом дода ба автомашинаи барқии тамғаи “НЕТО”, таҳти идораи Холзода Исломиддин Абдуҳамид, соли таваллудаш 1989, сокини ноҳияи Кӯшониён, бархурдааст.
Дар натиҷа, автомашинаи барқии тамғаи “НЕТО” ба сутуни нуқтаи фурӯши сӯзишвории “Ориён” бархӯрдааст.
Автомашинаи боркаши тамғаи “ХИНО” бинобар суръати баланд доштанаш боз бо автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, таҳти идораи Исмоилзода Маҳмуд Кенҷа, соли таваллудаш 1963, сокини ноҳияи Хуросон бархӯрда, сипас ба автомашинаҳои тамғаи “Хундай-Авенто”, таҳти идораи Бобосафари Мирзомаҳмад Бобоҷонзода, соли таваллудаш 1999, сокини ноҳияи А.Ҷомӣ, автомашинаи тамғаи “Мерседес-Бенс”, таҳти идораи Сафаров Сунатулло Ҷабборович, соли таваллудаш 1994, сокини ноҳияи Хуросон ва автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, таҳти идораи Шарипов Маҳмадсаид Маҳмадмуродович, соли таваллудаш 1988, ки дар канори роҳ қарор доштаанд, бархӯрдааст.
Дар натиҷа, мусофири автомашинаи барқии тамғаи “НЕТО”, Расулов Суҳроб Азизхуҷаевич, соли таваллудаш 1961, сокини ноҳияи Дӯстӣ, ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст, ронандаи автомашинаи мазкур Холзода И. ва дигар мусофиронаш: Шукуров Маҳмадамин Назруллоевич, соли таваллудаш 1985, сокини шаҳри Душанбе, Исматуллозода Меҳриддин Эмомуддин, соли таваллудаш 2004, сокини ноҳияи Ҷ.Балхӣ, инчунин ронандаи автомашинаи тамғаи “Хундай-Аванте” Бобосафари М. бо мусофиронаш Бобоҷонов Зоир Мирмаҳмадович, соли таваллудаш 1991, сокини ноҳияи Ёвон ва Бобоҷонзода Зафар Мирмаҳмад, соли таваллудаш 1995, сокини ноҳия А.Ҷомӣ бо бардоштани ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ дар беморхонаи марказии ноҳияи Хуросон бистарӣ гардидаанд.
Оид ба ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.