Ифшо шудани даллагии ҷавонзани 25-сола
Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки ҷавонзани 25-солаи сокини ноҳияи Деваштич 10-уми августи соли 2024, тахминан соати 09:30-дақиқа, дар ҳудуди ноҳияи Ҷ.Расулов марди 27 ва зани 31-солаи сокинони шаҳри Гулистон ва ноҳияи Деваштичро барои алоқаи ҷинсӣ намудан шинос карда, ҳамчун мукофот 800 сомонӣ гирифтааст.
Нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо қисми 1 моддаи 239 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.