Ошкор шудани ҳолатҳои қаллобӣ дар шаҳри Хуҷанд
Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки марди 48-солаи сокини шаҳри Хуҷанд коргари ҶДММ «Мабетск» соли 2015 дар маҳаллаи 19-ум дар рӯ ба рӯи «Кохи матбуот» сохтмони бинои истиқоматиро оғоз намуда, санаи 20-уми октябри соли 2015, ҳуҷраи №107, дар ошёнаи 10-уми бинои мазкурро ба масоҳати 119 метри мураббаъ бо тартиб додани шартномаи сармоягузорӣ ба марди 52-солаи сокини ноҳияи Б.Ғафуров ба маблағи 59 ҳазору 500 доллари амрикоӣ, баробар ба 390 ҳазору 915 сомонӣ фурӯхта, санаи 10-уми августи соли 2023 шартномаи сармоягузории №22-ро бекор намуда, хонаи мазкурро ба дигар кас фурӯхта, ба ҷабрдида зарари калони молиявӣ расонидааст.
Нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо қисми 4 моддаи 247 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.
Инчунин, ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки марди 34-солаи сокини шаҳри Хуҷанд 26-уми августи соли 2019, бо роҳи фиреб ба боварии марди 42-солаи сокини шаҳри мазкур даромада, 12 ҳазору 737-адад либосҳои мактабӣ, ки арзиши умумиашон 2 миллиону 134 ҳазору 860 сомониро ташкил медиҳад, ҳамчун насия гирифта, аз он маблағ 1 миллиону 834 ҳазору 860 сомониашро баргардонида, боқимонда 300 ҳазор сомониашро то ҳол барнагардонидааст.
Нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо қисми 4 моддаи 247 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.