Боздошти ноболиғи 15-сола ва зани 27-сола бо ҷурми дуздӣ
Ба ШВКД-2 дар ноҳияи Рӯдакӣ аризаи зани 40-солаи сокини ноҳияи мазкур ворид гардидааст, ки 15-уми августи соли 2024, тахминан соати 11:30-дақиқа, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ ба хонаи истиқоматиаш даромада, аз он ҷо 11 ҳазор сомонӣ, 500 доллари амрикоӣ ва ҷавоҳироти гуногуни тиллоӣ, ки арзишашон 8 ҳазору 800 сомониро ташкил медиҳад, дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки ин ҷиноятро ноболиғи 15-солаи сокини ҳамин ноҳия содир намудааст.
Инчунин, ба ШВКД дар ноҳияи Деваштич бо ариза зани 30-солаи сокини ҳамин ноҳия муроҷиат намудааст, ки 15-уми августи соли 2024, тахминан соати 19:30-дақиқа, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ ба хонаи истиқоматиаш даромада, аз он ҷо 3 ҳазор сомониро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки ин ҷиноятро зани 27-солаи сокини ноҳияи мазкур содир намудааст.
Нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо қисми 2 моддаи 244 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.