Ошкор шудани ҳолатҳои қаллобӣ вобаста ба автомашина ва масолеҳи сохтмонӣ
Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 37-солаи сокини ноҳияи Рӯдаки бо гумони содир намудани кирдори қаллобӣ дастгир карда шуд.
Номбурда моҳи майи соли 2023 дар худуди ноҳияи Фирдавсӣ бо роҳи фиреб ба боварии ҷавони 24-солаи сокини шаҳри Душанбе даромада, аз ӯ 1-адад автомашинаи тамғаи «Лексус-RХ», соли бароришаш 2011 ва 2-адад автомашинаи тамғаи «Тайота Приус»-ро ҷамъ ба маблағи 390 ҳазор сомонӣ нархгузорӣ карда гирифта, ваъда додааст, ки дар муддати ду моҳ маблағи автомобилҳоро пардохт мекунад, аммо гумонбаршаванда то ҳол ваъдаашро иҷро накардааст.
Инчунин, ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки марди 36-солаи сокини ноҳияи Мастчоҳ ба боварии марди 51-солаи сокини ноҳияи Ашт даромада, аввалҳои моҳи январи соли 2024 бо роҳи фиреб барои дастрас намудани масолеҳи сохтмонии шифер маблағи 161 ҳазору 904 сомонӣ гирифта, маблағҳои ба дастовардашро ба манфиати шахсиаш сарф намудааст.
Нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо қисми 4 моддаи 247 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.