Донишманду соҳибмаърифат ва худшинос бошед!
Рӯзи 16-уми августи соли равон дар асоси дастуру супоришҳои роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ, амалисозии Барномаи ислоҳоти милитсия, нақшаи чорабиниҳои тасдиқгардидаи Ассотсиатсияи шурои занони Вазорати корҳои дохилӣ ва бахшида ба «Соли маърифати ҳуқуқӣ» дар қисми низомии 3502-и бригадаи фаврии таъиноти махсуси Раёсати қӯшунҳои дохилии ВКД чорабинии тантанавӣ доир гардид.
Дар чорабинии мазкур Ҳамоҳангсози миллӣ оид ба ислоҳоти милитсия генерал-майори милитсия Азизулозода Сафиалло Азизуло, фармондеҳи Раёсати қӯшунҳои дохилии ВКД генерал-майор Суҳроб Рауфзода, раиси шурои занони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе Дилрабо Маҳмадшарифзода, раиси Ассотсиатсияи шурои занони ВКД ва аъзои он, инчунин собиқадорон, сарбозон ва афсарони қисми низомии 3502 иштирок намуданд.
Пас аз зинда сароидани Суруди миллӣ, ҷамъомадро бо сухани ифтитоҳӣ Ҳамоҳангсози миллӣ оид ба ислоҳоти милитсия генерал-майори милитсия Сафиалло Азизулозода оғоз намуда, ба ташаббускорони чорабинии баргузоргардида арзи сипос намуда, зикр кард, ки мақсад аз баргузории ин вохӯрӣ, пеш аз ҳама баланд бардоштани савияи дониш, маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, бахусус сарбозону кормандони ҷавони ин ниҳод, пешгирии шомилшавии шаҳрвандон ба ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунӣ, оқибатҳои ногувору харобиовари амалҳои терроризму экстремизм ва боз ҳам мустаҳкам намудани ҳамкории милитсия бо ҷомеа мебошад.
Қайд карда шуд, ки имрӯз мо дар шароити торафт мураккаб гардидани вазъи ҷаҳон, густариш пайдо кардани зуҳуроти ниҳоят хатарноки асри нав - терроризму экстремизм қарор дорем. Ин зуҳуроти номатлуб яке аз омилҳои хавфнок ва проблемаи глобалии ҷомеа ба ҳисоб рафта, танҳо муборизаи дастҷамъона бар зидди терроризму экстремизм ва умуман, ҷинояту ҷинояткорӣ метавонад барои решакан ва аз байн бурдани онҳо замина гузорад.
Аз ин лиҳоз, ҳар як фарди бонангу номуси кишварро лозим аст, ки ҳушёрии маънавӣ ва зиракии сиёсиро аз даст надода, барои боз ҳам мустаҳкам намудани сулҳи бебозгашт, таъмини амният ва ваҳдати миллӣ, дӯстиву рафоқати самимӣ миёни шаҳрвандон, аз шароиту воситаҳои мавҷудбуда самаранок истифода намуда, нагузорем, ки ба сулҳу субот ва истиқлолияти миллии давлати ҳуқуқбунёди тоҷикон осебе расад.
Ба афсарону сарбозони Қӯшунҳои дохилӣ дар анҷоми вазифаи басо муҳими ҳифзи марзу буми Ватан матонату ҷасорат, азму иродат, солимию тандурустӣ, фатҳу нусрат ва файзу баракат таманно карда шуд.
Зикр гардид, ки “Боварӣ дорем, ҳама мардуми шарифи Тоҷикистони азизу маҳбуб ва сарбозону афсарон, ҳомиёни далер сарҷамъона дар атрофи сиёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон генерали Артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ғояи Тоҷикистони озоду соҳибистиқлол муттаҳид шуда, муташаккилона баҳри пешрафти ҷомеа талош хоҳем кард”.
Дар идомаи чорабинӣ, раиси шурои занони МИҲД-и шаҳри Душанбе Дилрабо Маҳмадшарифзода вобаста ба волоият ва эҳтиром гузоштан ба қонунҳои амалкунандаи давлат, посдории муқаддасоти миллӣ, фарҳангу маданият, анъанаву оинҳои миллати тоҷик, расидан ба қадру қимати падару модар, инчунин даст кашидан аз урфу одати бегонапарастӣ сухан ронда, зикр кард, ки “Роҳбарияти Ҳукумати мамлакат ба қадру манзалати зан-модар таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамоянд ва барои баланд бардоштани мақоми занон чандин санадҳои меъёрии ҳуқуқии дахлдорро ба тасвиб расонидаанд. Аз ин рӯ, мо бояд имрӯзҳо дар партави сиёсати пешанамудаи Ҳукумати мамлакат фаъолияти худро самаранок ба роҳ монда, ба қадри сулҳу ваҳдат бирасем ва дар таълиму тарбияи насли наврас саҳмгузор бошем. Дар баробари ин, ба фарҳангу маданияти баланди миллатамон арҷ гузорем.”
Ҳамзамон, фармондеҳи Раёсати Қӯшунҳои дохилии ВКД генерал-майори Суҳроб Рауфзода дар навбати худ, оид ба дастгириву ғамгориҳои ҳамаҷонибаи роҳбарияти олии мамлакат, роҳбарияти ВКД, бахусус Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро нисбати сарбозону афсарони қӯшунҳои дохилӣ, ки таҳти таваҷҷуҳи ҳамешагиашон қарор доранд, инчунин ташаббускорони чорабинии маърифатии имрӯза арзи сипосу миннатдорӣ баён намуд.
Мавсуф дар идома аз фаъолияти хизматии сарбозону афсарони ин ниҳод, баргузории дарсҳои омӯзишӣ, касбомӯзии сарбозон ва дигар самтҳои фаъолият сухан ронда, қайд кард, ки сарбозону афсарони Раёсати қӯшунҳои дохилӣ ҳамеша ба давлату миллати худ содиқ буданд, ҳастанд ва хоҳанд монд. Ҳамаи он вазифаву уҳдадориҳое, ки имрӯз Ҳукумати мамлакат, роҳбарияти ВКД дар наздашон гузоштаанд, онҳо сарбаландона аз уҳдаашон мебароянд.
Пас аз анҷоми ин чорабинии маърифатӣ иштирокчиёни чорабинӣ аз шароити будубоши сарбозон, аз ҷумла хобгоҳу ошхона шинос шуда, ба шароити муҳайёгардида ва тозагиву озодагии онҳо баҳои баланд доданд.
Сипас, бо ташаббуси Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро барои сарбозону афсарони ин ниҳод дастурхони идона ороста шуд.
Раҷаббек ИЛЁСЗОДА,
Тоҷиддин ЛАТИПОВ