Ҳалокати ду ронанда дар ҳодисаҳои нақлиётӣ
14-уми августи соли 2024, тахминан соати 06:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Астра», Боев Файзиддин Ниёзмаҳмадович, соли таваллудаш 1990, сокини ноҳияи А.Ҷомӣ, ҳангоми ҳаракат аз самти ноҳияи Данғара ба самти шаҳри Бохтар, воқеъ дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Лоҳури ҳамин ноҳия, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба самти муқобили ҳаракати роҳ баромада, ба автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, таҳти идораи ронанда Раҳимов Наимулло Мироҷович, соли таваллудаш 1958, сокини ноҳияи Данғара, бархӯрдааст.
Дар натиҷа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, Раҳимов Н.М. ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст. Ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра” Боев Ф.Н. ва 5 нафар мусофирон ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд.
13-уми августи соли 2024, тахминан соати 20:00, ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Астра», Абдурасулов Баҳодур Қурбонович, соли таваллудаш 1983, сокини ноҳияи М.Ҳамадонӣ, ҳангоми ҳаракат аз самти кӯчаи Барқчиён ба самти кӯчаи Лаби Дарёи ҷамоати шаҳраки Москваи ноҳияи мазкур аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба дохили дарё афтида, ғарқ шудааст.
Дар натиҷа, худи ронанда Абдурасулов Б.Қ. дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Оид ба ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.