Боздошти зани 42-сола барои ташкили фоҳишахона
Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки зани 42-солаи сокини ноҳияи Б.Ғафуров, 11-уми августи соли 2024 дигар хонаи истиқоматиашро ба ҷавони 21 ва зани 27-солаи сокинони шаҳрҳои Хуҷанду Гулистон барои алоқаи ҷинсӣ намудан шароит фароҳам оварда, аз онҳо 300 сомонӣ гирифтааст.
Оид ба ин ҳодиса нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо қисми 1 моддаи 239 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.