Дастгир гардидани зани 30-сола бо ҷурми дуздӣ
Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Шоҳмансур бо ариза ҷавони 25-солаи сокини шаҳри Душанбе муроҷиат намудааст, ки 29-уми июли соли 2024 шахси номаълум бо роҳи пинҳонӣ ба нуқтаи бозиҳои компютерӣ, воқеъ дар кӯчаи Бухорои шаҳри Душанбе даромада, аз хазина 30 ҳазор сомониро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки ҷинояти мазкурро зани 30-солаи сокини шаҳри Душанбе, фарроши корхонаи мазкур содир намудааст.
Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.