Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Рух додани якчанд садамаи нақлиётии марговар дар роҳҳо

9-уми августи соли 2024, тахминан соати 20:20-дақиқа, ронандаи атомашинаи тамғаи «Опел Зефира», Раҷабов Абдубилол Ғуломҷонович, соли таваллудаш 2006, сокини шаҳри Душанбе, ҳангоми ҳаракат бо роҳи мошингарди кӯчаи А.Дониш аз самти кӯчаи С.Айнӣ ба самти кӯчаи М.Мастонгулови шаҳри Душанбе, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагард Назарова Кавгиниссо Файзалиевна, соли таваллудаш 1997, сокини ноҳияи Ҳамадониро  пахш намудааст. 
Дар натиҷа, пиёдагард Назарова К.Ф. ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, аз ҷониби худи ронанда ба беморхона дастрас гардида, пас аз чанд дақиқа дар беморхона ба ҳалокат расидааст. 
10-уми августи соли 2024, тахминан соати 04:00, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, Зарифов Дилшод Шералиевич, соли таваллудаш 2001, сокини шаҳри Душанбе, ҳангоми ҳаракат бо роҳи мошингарди кӯчаи Соҳилӣ аз самти кӯчаи Фирдавсӣ ба самти кӯчаи Деҳотии шаҳри Душанбе, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, дучархарон Муҳиддинов Қурбоналӣ Асомиддинович, соли таваллудаш 1961, сокини ноҳияи Варзобро пахш намудааст. 
Дар натиҷа, номбурда ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, аз ҷониби худи ронанда ба беморхона дастрас гардида, пас аз чанд дақиқа дар беморхона ба ҳалокат  расидааст.
10-уми августи соли 2024, тахминан соати 07:30-дақиқа, ронандаи  автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, Рузиев Неъматулло Исуфович, соли таваллудаш 1986, сокини шаҳри Кӯлоб, ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Кӯлоб ба самти шаҳри Душанбе, дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Гулистони ноҳияи Восеъ аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба тарафи чапи роҳ баромада, автомашинаро чаппа кардааст.
Дар натиҷа, худи ронанда Рузиев Н.И. ва мусофири дохили автомашина Каримов Бахтиёр Пиракович, соли таваллудаш 1986, сокини шаҳри Кӯлоб, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд ва мусофирони дигари автомашина Саидов Наврӯз Сайдаҳмадович, соли таваллудаш 1986 ва Ҳисайнов Насим Авазович, соли таваллудаш 1986, сокинони шаҳри Кӯлоб, ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд.
10-уми августи соли 2024, тахминан соати 17:17-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Тайота-Рактис”, Халилов Неъмат Каримович, соли таваллудаш 2005, сокини шаҳри Бохтар, ҳангоми ҳаракат ба самти терминали “Сафар-К” дар ҳудуди шаҳри Бохтар аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба  автомашинаи боркаши тамғаи “Камаз”, ки дар канори рости роҳ истода буд, дар қисмати қафояш бархӯрдааст.
Дар натиҷа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Тайота-Рактис” Халилов Н.К. дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расида, мусофири автомашинаи мазкур Каримова Фарзона, соли таваллудаш 2005, сокини ҳамин шаҳр ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.
10-уми августи соли 2024, тахминан соати 20:00, ронандаи автомашинаи тамғаи “Хундай-Портер”, Сараев Имрон Абдуҳошимович, соли таваллудаш 1990, сокини шаҳри Ҳисор, ҳангоми ҳаракат дар 43-километри роҳи мошингарди ҷамоати деҳоти Ориёни шаҳри мазкур дар ҳудуди деҳаи Гулистон, ҳангоми ба қафо рондани автомашинаи мазкур, ноболиғ Бобоназаров Алиҷон Шуҳратович, соли таваллудаш 2011, сокини ҳамин шаҳрро пахш намудааст. 
Дар натиҷа, ноболиғ Бобоназаров А.Ш ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Оид ба ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.

12.08.2024 15:22
59