Ифшо шудани қаллобиҳо дар ҳаҷми махсусан калон
Ба ШВКД-2 дар ноҳияи Б.Ғафуров бо ариза марди 41-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки моҳи апрели соли 2024 шахсони номаълум бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, 117 сар чорвои калони шохдорро, ки арзиши умумиашон 2 миллиону 145 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, гирифта, аз он маблағ 1 миллиону 917 ҳазор сомониашро дода, аз баргардондани маблағи боқимонда 228 ҳазор сомонӣ то ҳол саркашӣ намуда истодаанд.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки ин ҷиноятро мардони 35, 30 ва 43-солаи сокинони шаҳри Бӯстон ва ноҳияи Б.Ғафуров содир намудаанд, ки дастгир карда шуданд.
Нисбати гумонбаршавандагон парвандаи ҷиноятӣ бо қисми 3 моддаи 247 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.
Инчунин, ба ШВКД дар ноҳияи И.Сомонӣ аризаи марди 30-солаи сокини шаҳри Душанбе ворид гардидааст, ки 31-уми декабри соли 2023, мардони 32 ва 39-солаи сокинони шаҳри Душанбе ба бовариаш даромада, аз ӯ 200 ҳазор доллари амрикоиро барои гузаронидани бозӣ тариқи интернетӣ гирифта ваъда додаанд, ки баъди гузаронидани бозӣ маблағи мазкурро дар муддати як моҳ бармегардонанд, аммо то ҳол онро барнагардонида, фиреб карда гаштаанд.
Оид ба ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.