Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатии худ ва ҳамсар

Ба ШВКД дар шаҳри Ваҳдат бо ариза зани 37-солаи сокини шаҳри мазкур муроҷиат намудааст, ки 9-уми августи соли 2024, тахминан аз соати 22:00, шавҳараш марди 39-солаи сокини ҳамон ҷо дар манзили истиқоматиаш, аз сабаби рашк ва муноқишаи оилавӣ бо ӯ ҷангу  ҷанҷол намуда, бо бераҳмии махсус тавассути корди рангуборкунии сохтмонӣ (малярний нож) узвҳои ҳаётан муҳимашро буридааст. 
Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст. 
Баъдан, гумонбаршаванда пас аз ин бо мақсади худро аз ҷавобгарии чиноятӣ дур намудан, ба НФС “ОРИЁ”-и шаҳри Ваҳдат омада, дар зарфи обгирӣ сӯзишвории бензин дастрас намуда, тавассути он берун аз нуқтаи маҳалли аҳолинишин худро оташ задааст, ки ҳолати мазкур аз ҷониби кормандони ШВКД дар шаҳри Ваҳдат муайян гардида, тавассути нақлиёти "Ёрии таъҷилӣ" ба беморхона интиқол дода шуда, бистарӣ карда шудааст. 
Мувофиқи маълумотномаи беморхона вазъи саломатии ҳардуи онҳо вазнин буда,  онҳо дар шуъбаи эҳёи беморхона бистарӣ гардидаанд. 
Оид ба ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

12.08.2024 14:59
112