Ошкор шудани ҳолатҳои қаллобӣ
Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки марди 49-солаи сокини ноҳияи Б.Ғафуров бо роҳи фиреб ба боварии марди 39-солаи сокини ноҳияи мазкур даромада, маблағи 40 ҳазору 427 доллари амрикоиро гирифта, ба эҳтиёҷоташ сарф намудааст.
Оид ба ин ҳоидиса нисбати гумобаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо қисми 4 моддаи 247 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.
Инчунин, дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 62 ва 38-солаи сокинони шаҳри Душанбе бо гумони содир намудани кирдори қаллобӣ дастгир карда шуданд.
Гумонбаршавандагон, моҳи январи соли 2018 дар ноҳияи Шоҳмансур бо роҳи фиреб ба боварии марди 39-солаи сокини пойтахт даромада, аз ӯ 700 ҳазор сомонӣ ва 25 ҳазор доллари амрикоӣ гирифта, то ҳол маблағашро барнагардонидаанд.
Оид ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ бо қисми 4 моддаи 247 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.