Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқоти Вазирони корҳои дохилии Тоҷикистону Россия

9 августи соли 2024 дар ҳошияи ҷаласаи навбатии Шӯрои Вазирони корҳои дохилии давлатҳо - узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар шаҳри Мински Ҷумҳурии Беларус вохӯрии Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо Вазири корҳои дохилии Федератсияи Россия генерали политсия Колоколтсев Владимир Александрович  баргузор гардид.
Зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои тақвият бахшидани ҳамкориҳоро дар ҷодаи мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ, терроризм, экстремизм, гардиши ғайриқонунии воситаҳои нашъадор, киберҷиноятҳо,  инчунин масъалаҳои муҳоҷирати меҳнатӣ, ҳифзи ҳуқуқ, ҳал намудани мушкилот, беҳтар намудани шароит ва вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар Федератсияи Россия мавриди баррасӣ қарор доданд.
Дар анҷоми мулоқот ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати густариши ҳамкориҳои минбаъда баён намуданд.

10.08.2024 15:55
158