Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Маросими гулгузорӣ дар маҷмааи ёдгории «Хатин»

Бегоҳии 7-уми августи соли 2024 дар доираи ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои дохилии кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ҳайати намояндагони Вазоратҳои корҳои дохилии ИДМ ба деҳаи Хатини Ҷумҳурии Беларус ташриф оварда, дар маросими гулгузорӣ дар маҷмааи ёдгории «Хатин» ба хотираи қурбониёни Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 иштирок намуданд.
Мавриди қайд аст, ки фашистон ҳангоми ҳуҷум ба деҳаи Хатин аҳолии онро, ки 149 нафарро ташкил медод, ҷамъ карда сӯзониданд, ки фақат ду кӯдаки 8 ва 6-сола зинда мондааст. Хурдтарин нафаре, ки сӯзонида шудааст тифли 7-рӯза мебошад.
Ёдовар мешавем, ки 8-9-уми августи соли равон ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои дохилии кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар шаҳри Мински Ҷумҳурии Беларус баргузор гардида истодааст.

09.08.2024 16:02
78