Ҳалокати ҷавонзани 32-сола дар натиҷаи садамаи нақлиётӣ
8-уми августи соли 2024, тахминан соати 19:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Мазда”, Шералиев Маҳмадсаид Усмонҷонович, соли таваллудаш 1985, сокини ноҳияи Ҷ.Балхӣ, ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Бохтар ба самти ноҳияи Ҷ.Балхӣ, воқеъ дар шоҳроҳи ҷамоати деҳоти Навободи ҳамин ноҳия аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагард Маҳмадназарова Насиба, соли таваллудаш 1992, сокини ноҳияи Кӯшониёнро пахш намудааст.
Дар натиҷа, пиёдагард Маҳмадназарова Н. дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Оид ба ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.