Ошкор шудани қаллобӣ вобаста ба хариду фурӯши автомашина
Ба ШВКД-2 дар ноҳияи Сино бо ариза марди 40-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки аз моҳи ноябри соли 2022 то моҳи марти соли 2023, марди 40-солаи сокини шаҳри Ҳисор бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 530 ҳазору 800 сомонӣ гирифта ваъда додааст, ки аз Аморати Муттаҳидаи Араб бар ивази маблағҳои гирифтааш ба ҷабрдида 1-адад автомашинаи тамғаи «Тайота Ландкрузер-300» дастрас намуда, медиҳад. Аммо гумонбаршаванда ваъдаашро иҷро накарда, то ҳол маблағи гирифтаашро барнагардонидааст.
Оид ба ин ҳодиса тафтишот идома дорад.