Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҷамъбасти фаъолияти нимсолаи Ассотсиатсияи шурои занони ВКД

Фаъолияти Ассотсиатсияи шурои занони ВКД тибқи қонунгузорӣ, амру фармонҳо ва дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, барномаю стратегия ва консепсияҳои соҳавӣ, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин дигар дастуру супоришҳои роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ ба роҳ монда шудааст.
Ассотсиатсия дар доираи “Барномаи ислоҳоти милитсия барои солҳои 2021-2025”, оиннома ва Нақшаи чорабиниҳои Ассотсиатсияи шурои занони мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2025 амал менамояд.
Дар доираи ин нақшаи чорабиниҳо, 3-юми августи соли равон ҷаласаи ҷамъбастии шашмоҳаи фаъолияти ассотсиатсияи мазкур дар якҷоягӣ бо Ҳамоҳангсози миллӣ оид ба ислоҳоти милитсияи ВКД баргузор гардид.
Ҳамоҳангсози миллӣ оид ба ислоҳоти милитсияи ВКД генерал-майори милитсия Азизулозода Сафиало Азизуло зимни суханронӣ, пеш аз ҳама ба иштирокчиёни чорабинӣ миннатдории роҳбарияти ВКД-ро баён намуда, гуфт, ки ин вохӯрӣ барои мубодилаи афкору баланд бардоштани савияи донишу малакаи касбии кормандзанони мақомоти корҳои дохилӣ мусоидат менамояд.
Баъди ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ дар Тоҷикистон зери роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавқеи зан дар ҷомеа сол то сол баланд гардида истодааст. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки бо назардошти боло бурдани мавқеи зан, бунёди ҷомеаи солим, пойдории оилаҳои ҷавон ва тарбияи фарзандони боақлу соҳибмаърифат аз ҷониби Президенти кишвар фармони махсус “Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа” ба тасвиб расид. Ин иқдом ҷиҳати саҳми занон дар рушди ҷомеа ва иштироки фаъолонаи онҳо дар ҳаёти сиёсиву иқтисодии мамлакат заминаи боэътимод ба шумор меравад.
Тавре Сафиало Азизулозода зикр кард, бо назардошти дастгирии давлатии занон, Ассотсиатсияи шурои занони мақомоти корҳои дохилӣ дар фаъолияти хеш ба натиҷаҳои назаррас ноил гардида, баҳри фароҳам овардани шароити мусоид ба кормандзанони ин ниҳод тадбирҳои судманд меандешад.
Дар доираи барномаи ислоҳоти милитсия дар назди ШВКД-ҳо 17 воҳиди кории нозири зӯроварӣ дар оила таъсис ёфтааст, ки дар ҳамаи онҳо занон ба ҳайси шахси масъул кору фаъолият менамоянд. Инчунин, барои ассотсиатсия утоқи кории алоҳида бо таҷҳизонидани тамоми шароитҳо омода гардидааст. Дар оянда низ дар доираи Барномаи ислоҳоти милитсия, махсусан дар самти тақвият бахшидани фаъолияти кормандзанони мақомоти корҳои дохилӣ ин ҳиссагузорӣ идома меёбад.
Сипас дар идомаи ҷаласа раиси Ассотсиатсияи шурои занони ВКД полковники милитсия Азиза Давлатшозода қабл аз баррасии нақшаи чорабиниҳо дар шашмоҳаи дуюми соли 2024, фаъолияти ассотсиатсияро дар шашмоҳаи аввали соли ҷорӣ мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дод. Номбурда иброз намуд, ки бахшида ба “Соли маърифати ҳуқуқӣ”, Ассотсиатсияи шурои занони ВКД вохӯриҳоро бо кормандзанони милитсия дар вилояти Хатлон баргузор намуд.
Тибқи нақша, то моҳи сентябри соли равон дар раёсатҳои ВКД дар вилояти Суғд ва шаҳри Душанбе дар партави сиёсати Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати таъмини волоияти қонун, пешгирии ҳама гуна ҷинояткорию қонуншиканиҳо ва исрофкорию зиёдаравиҳо дар байни аҳолӣ, таълиму тарбияи насли наврас дар роҳи хештаншиносию ватандӯстӣ чунин силсилавохӯриҳо баргузор хоҳанд гашт.
Дар идома А. Давлатшозода иштирокчиёни ҷаласаро ба хизмати содиқона ба халқу Ватан, содиқ будан ба Савганд ва волоияти қонун, пешгирии ҳама гуна ҷинояткорию қонуншиканиҳо, исрофкорию зиёдаравиҳо дар байни аҳолӣ даъват намуд.
Дар ҷаласа, инчунин ҳисоботи шашмоҳаи раисони шуроҳои занони РВКД дар шаҳри Душанбе, қисми ҳарбии 3502-и Раёсати Қӯшунҳои дохилӣ, Воҳиди махсуси ВКД ва дигарон шунида шуд.
Дар охир иштирокчиёни ҷаласа пешниҳодҳои худро барои фаъолияти минбаъдаи Ассотсиатсияи шурои занони ВКД ироа намуданд.
Р. Илёсзода

06.08.2024 18:35
114