Роҳандозии чорабиниҳо дар «Соли маърифати ҳуқуқӣ»
Ҳафтаи сипаригашта дар доираи иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мулоқоти судманд дар «Сомон бозор»-и шаҳри Бӯстон баргузор гардид. Доир ба масъалаҳои риояи фарҳанги либоспӯшӣ, маданияти шаҳрнишинӣ, одоби оиладорӣ ва тарбияи фарзанд роҳбари Раёсати кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Хуршеда Хоҷазода ва оид ба вазъи содиршавии ҷинояту ҳуқуквайронкунӣ, риояи меъёрҳои қонунгузорӣ, тартиботи ҷамъиятӣ, муовини сардори Раёсати ВКД дар вилояти Суғд полковники милитсия Суҳроб Қурбонзода маърӯза намуда, фурӯшандагон ва роҳбарони ширкатҳои тиҷоратию хизматрасонии бозори мазкурро баҳри тарғибу ташвиқи дастовардҳои Истиқлоли давлатӣ ва риояи қонун даъват намуданд.
Дар чорабинии мазкур муовини раиси вилояти Суғд Даврон Зоҳидзода ва раиси шаҳри Бӯстон Нигора Ғаффорзода суханронӣ намуда, таъкид карданд, ки фарҳанги бозорнишинӣ ҷузъи маданияти ҳар як халқу миллат мебошад. Аз маданияту маърифат ва муносибати фурӯшандагон нисбати мардуми маҳал баҳо дода мешавад.
Ҳайати гуруҳи кории болозикр ҳамингуна суҳбати озодро бо соҳибкорону фурӯшандагони бозори марказии Панҷшанбеи шаҳри Хуҷанд низ доир карданд. Маърузачиён ба ҳозирин дастур доданд, ки зимни машғул шудан ба фаъолияти соҳибкорӣ пеш аз ҳама ба арзишҳои миллӣ, фарҳанги тоҷикона ва таърихи ниёгон диққати авалиндараҷа диҳанд. Чунин муносибати дилсӯзона нисбат ба арзишҳои миллӣ, дифоъ аз дастовардҳои Истиқлоли давлатӣ, доштани масъулияти ватандӯстӣ метавонад дар ҳамагуна вазъият ватани маҳбубамонро аз дасисаҳои дохиливу беруна ҳифз ва амнияту суботро таъмин намояд.
Таъкид гардид, ки умед ба зиндагии босаодат ва рӯзгори осуда маҳз аз тинҷиву осоиштагӣ сарчашма мегирад.
Саҳм гузоштан дар ободии Ватан, иштирок дар корҳои ободониву созандагӣ, роҳ надодан ба хурофоту бегонапарастӣ ва тарбияи фарзандон дар руҳияи ватандустиву хештаншиносиро маърузачиён таъкид намуданд.
Риояи қоидаҳои санитарию гигенӣ, қоидаҳои бехатарӣ аз сӯхтор, танзими ҳаракати нақлиёт ва таваққуфи нодурусти воситаҳои нақлиёт дар бозор ва гирду атрофи он аз мавзӯъҳои дигари мавриди таваҷҷуҳ буд.
Ёдрас менамоем, ки чорабиниҳои мазкур характери тарбиявӣ дошта минбаъд дар «Соли маърифати ҳуқуқӣ» ингуна мулоқотҳо бо аҳолӣ ва табақаҳои гуногуни шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд баргузор хоҳад гашт.
Акбар Шарифӣ, подполковники милитсия