Ислоҳоти милитсия - тақозои замон! Баргузории мизи мудаввар дар Бохтар
Ҷомеаи шаҳрвандӣ дар таъмини сулҳу субот, ҳифзи тартиботи ҳуқуқӣ ва дар мубориза зидди ҷинояткорӣ такягоҳи боэътимоду ёрдамчии фаъоли милитсия мебошад.
1 августи соли 2024 дар шаҳри Бохтар дар доираи Барномаи давлатии ислоҳоти милитсия барои солҳои 2021-2025 мизи мудаввар таҳти унвони «Ислоҳоти милитсия - тақозои замон» баргузор гардид. Чорабинӣ дар асоси Нақшаи чорабиниҳои муштараки ВКД ва Дафтари барномавии САҲА дар шаҳри Душанбе роҳандозӣ гардид.
Дар мизи мудаввар Ҳамоҳангсози миллӣ оид ба ислоҳоти милитсияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-майори милитсия Азизулозода Сафиало Азизуло, муовини сардори Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон полковники милитсия Муҳидинзода Даврон, мушовири Дафтари САҲА дар Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳамкорӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ Мирослав Милоевич, раисони Шуроҳои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия ва таъмини тартиботи ҷамъиятии Раёсати ВКД ва шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон, муовинони сардорони шуъбаҳои ВКД, масъулини шуъбачаву гурӯҳҳои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ва ёварони сардорони Шуъбаҳои ВКД-и шаҳру ноҳияҳо иштирок доштанд.
Раиси Шурои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон Лоҳутӣ Шоназаров чорабиниро ҳусни оғоз бахшида, оид ба фаъолияти шуроҳои ҷамъиятӣ дар давоми 6 моҳи соли ҷорӣ ҳисобот дод.
Дар баромади худ муовини сардори Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон, полковники милитсия Даврон Муҳидинзода доир ба ҳамкории кормандони Раёсати ВКД бо ҷомеаи шаҳрвандӣ ва шуроҳои ҷамъиятӣ маълумоти муфасал пешниҳод намуд. Зикр гардид, ки кормандони мақомоти корҳои дохилӣ муҳимтарин вазифаи давлат дар таъмини ҳифзи ҳаёт, саломатӣ, ҳуқуқ ва озодии шаҳрвандонро иҷро мекунанд. Ташкили Нуқтаи сайёри милитсия дар доираи ислоҳоти милитсия ин равнақ бахшидани ҳамкории боз ҳам наздик бо аҳолӣ, афзудани эътимоду боварии халқ ба ин ниҳоди калидӣ, таъмини шаффофият дар кору фаъолият ва муборизаи дастаҷамъона бо ҷинояткорӣ мебошад.
Имрӯзҳо бо мақсади ҳамкории зич бо аҳолӣ дар Раёсати ВКД вилояти Хатлон «Телефони боварӣ -2-13-13», «Сомонаи Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон », дар сомонаҳои иҷтимоӣ саҳифаҳои тарғиботӣ ва қабули муроҷиатҳои электронӣ ташкил карда шудааст.
Дар чорабинӣ Ҳамоҳангсози миллӣ оид ба ислоҳоти милитсия генерал-майори милитсия Сафиало Азизулозода баромад карда, оид ба тақвият бахшидани ҳамкории милитсия бо ҷомеаи шаҳрвандӣ, бештар намудани бовариву эътимоди шаҳрвандон ба мақомоти корҳои дохилӣ, баланд бардоштани савияи дониш ва малакаи касбии кормандони милитсия изҳори назар кард.
Ҳамчунин, таъкид гардид, ки фаъолияти пурсамари шуроҳои ҷамъиятӣ имконият медиҳад, ки ҳамкории милитсия бо ҷомеа вусъат ёфта, дар раванди амилишавии ислоҳоти милитсия дар Вазорати корҳои дохилӣ мусоидат намояд.
Дар анҷоми ҷаласа Ҳамоҳангсози миллӣ оид ба ислоҳоти милитсия генерал-майори милитсия Азизулозола Сафиало Азизуло аз ташкили чорабинӣ изҳори миннатдорӣ намуда, аз масъулин хоҳиш намуд, ки фаъолиятро дар самти иҷрои талаботи низомномаи нави шуроҳои ҷамъиятӣ, мустаҳкам намудани ҳамкории милитсия бо ҷомеаи шаҳрвандӣ ва назоратбарии фаъолияти Нуқтаҳои сайёри милитсия вусъат диҳанд.
Мӯҳсинҷон Муҳаммадӣ