Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳалокати ронандаи “Тико” дар садамаи нақлиётӣ

1-уми августи соли 2024, тахминан соати 00:45-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Тико», Бобоев Ҷонибек, соли таваллудаш 2005, сокини ноҳияи Спитамен, ҳангоми ҳаракат дар роҳи мошингарди «Душанбе-Хуҷанд», дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Т.Улҷабоеви ноҳияи Спитамен аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба самти муқобили роҳ ҳаракат карда, ба автомашинаи боркаши тамғаи «Ченг-Ли-Вай», таҳти идораи Боқиев Абдусамеҳ, соли таваллудаш 1971, сокини шаҳри Панҷакент бархӯрдааст. 
Дар натиҷа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Тико», Бобоев Ҷ. ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, ҳангоми ба беморхона дастрас намудан дар роҳ ба ҳалокат расидааст. 
Оид ба ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.

02.08.2024 17:13
53