Бо роҳи қаллобӣ гирифтани 560 ҳазор сомонӣ
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 33-солаи сокини шаҳри Душанбе бо гумони содир намудани кирдори қаллобӣ дастгир карда шуд.
Гумонбаршаванда, моҳи августи соли 2023 бо роҳи фиреб ба боварии марди 40-солаи сокини шаҳри Душанбе даромада аз ӯ 560 ҳазор сомонӣ гирифта, ваъда медиҳад, ки дар муддати 1 моҳ онҳоро бармегардонад, аммо маблағи гирифтаашро ба манфиати шахсиаш сарф намуда, то ҳол барнагардонидааст.
Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.