Ифшо шудани дуздии асбобҳои осиёб
Ба ШВКД дар шаҳри Турсунзода аризаи марди 55-солаи сокини шаҳри мазкур ворид гардидааст, ки 8-ум ба 9-уми июли соли 2024 шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ ба манзили истиқоматиаш даромада, аз он ҷо 2-адад асбобҳои осиёбашро, ки арзишашон 8 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки ҷинояти мазкурро ҷавонони 24 ва 25-солаи сокинони шаҳри мазкур содир намудаанд.
Оид ба ин ҳодиса тафтишот идома дорад.