Пирӯзӣ муборак, Сомон!
Дастурдеҳ оид ба гӯштини ҷудои Маҷмааи Шурои ҷумҳуриявии "Динамо"-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон лейтенанти милитсия Сомон Маҳмадбеков 30 июл дар Бозиҳои тобистонаи олимпии Париж-2024 аз риштаи ҷудо дар вазни -81 кг соҳиби медали биринҷӣ гардид.
Сомон дар даври аввал озод буда, дар марҳилаи дуюм бар Фарес Бадавии фаластинӣ ва дар рақобати баъдӣ бар Франк Де Вит аз Нидерланд пирӯз шуд.
Дар даври якчорниҳоӣ ин варзишгари номдори тоҷик бо Тато Григалашвили аз Гурҷистон гӯштин гирифта, аз ӯ шикаст хӯрд ва ба марҳилаи тасаллобахш рафт.
Дар марҳилаи тасаллобахш Сомон бар варзишгари узбекистонӣ Шарофиддин Болтабоев ғолиб омад.
Варзишгари тоҷик дар рақобат барои медали биринҷӣ бар ҷудочӣ аз Италия Антонио Эспозито ғолиб омада, сазовори ҷойи сеюм ва медали биринҷӣ гардид.
Ёдовар мешавем, ки қабл аз сафар ба Париж - санаи 20 июл, Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо як зумра варзишгарони муваффақ, аъзоёни Шурои ҷумҳуриявии «Динамо»-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар Бозиҳои 33-юми олимпии шаҳри Париж иштирок менамоянд, вохӯрӣ гузаронид.
Дар вохӯрии мазкур, ки ҳамчунин лейтенанти милитсия Сомон Маҳмадбеков низ ҳузур дошт.
Вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода варзишгаронро барои омодагии ҷиддӣ дидан ва дар сатҳи баланд нишон додани маҳорату малакаи касбӣ дар ин чорабинии сатҳи баланди ҷаҳонӣ ҳидоят намуда, ба ҳамаи онҳо барору комёбиҳо таманно кард.